Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 31 нафар дар бархӯрди қатор бо автобус дар Ҳинд


Дар бархӯрди автобус бо қатори роҳи оҳан дар шимоли Ҳиндустон ба камияш 31 нафар кушда ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шудаанд. Полис мегӯяд, автобус пур аз меҳмононе буд, ки аз ҷашни арӯсӣ бозмегаштанд. Он ба иллати фаннӣ дар гузаргоҳи роҳи оҳан дармонд ва натавонист аз роҳ барканор шавад. Арӯсу домод зинда монданд, зеро дар мошини дигар ҳаракат мекарданд.
XS
SM
MD
LG