Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авфи Байнулмилал хостори озодии журналист Урунбой Усмонов шуд


Созмони Авфи Байнулмилал аз мақомоти давлатии Тоҷикистон даъват кард хабарнигори Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмоновро, ки ба маълумоти ин созмон мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, аз маҳбас озод кунанд. Авфи Байнулмилал аз ҳамаи созмонҳо ва фаъолони ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон даъват кардааст, барои раҳоии Усмонов ба номи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон нома фиристанд. Дар изҳороти Созмони Авфи Байнулмилал ҳамчунин гуфта мешавад, ҳамла ба матбуот ва журналистон солҳои охир дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад.
XS
SM
MD
LG