Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зидди нерӯҳои НАТО дар Ғазнӣ


Садҳо нафар дар вилояти Ғазнии Афғонистон дар робита ба марги ду чӯпон, ки мегӯянд аз зарбаи ҳавоии нерӯҳои НАТО куштат шудаанд, даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо ҷасади чӯпонҳоро ба шаҳри Ғазнӣ оварда, бо шиорҳои «марг бар нерӯҳои хориҷӣ» мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват карданд. Нерӯҳои таҳти сарварии НАТО мегӯянд, дар зарбаи онҳо як ошӯбгар дар ин минтақа кушта шудааст. Ҳалокати афроди осоишта дар зарбаҳои иштибоҳии НАТО борҳост, эътирози мардум ва сарварони Афғонистонро ба бор овардааст.
XS
SM
MD
LG