Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналист Кумитаи амнияти миллиро ба додгоҳ кашид


Сардабири нашрияи оппозисюнии Қазоқистон Кумитаи амниятии миллии ин кишварро барои манъи парвозаш ба Аврупо барои ширкат дар конфаронс ба додгоҳ кашид. Игор Винявский, сардабири нашрияи “Взгляд” мегӯяд, ҳамзамон ширкати ҳавонаварадии КЛМ-ро низ айбдор мекунад, ки кормандонаш ба маъмурони амниятӣ ёрдам карданд, то ӯ аз ҳавопаймои самти Бруссел поин оварда шавад. Қарор буд, Винявский дар конфаронси фасод дар Осиёи Марказӣ ширкат варзад. Намояндагони Кумитаи амниятии миллии Қазоқистон гуфтаанд, Винявский раводиди сафар надошт, вале худи Винявский инро рад мекунад ва мегӯяд, раводиди сафари ӯ дуруст буд. Винявский барои лағви сафараш узрхоҳии мақомот ва 3500 доллар ҷуброн талаб кардааст.
XS
SM
MD
LG