Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои олимпии соли 2018 дар Пёнгчанг баргузор мешаванд


Пас аз ду талоши ноком дар гузашта шаҳри Пёнгчанги Кореяи Ҷанубӣ барои соли 2018 маҳалли Бозиҳои олимпии зимистона интихоб гардид. Раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, Ҷак Рог пирӯзии Пёнгчангро баъд аз даври аввали раъйдиҳии пинҳонии кумита эълон кард:

"Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ифтихори ин эълонро дорад, ки 23-умин Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2018 ба шаҳри Пёнгчанг тақдим шуданд.”

Пёнгчанг дар ин сабқат бар Мюнихи Олмон ва Аннеси Фаронса пирӯз омад. Он нахустин шаҳри осиёӣ, ба истиснои Ҷопон хоҳад шуд, ки Бозиҳои олимпии зимистонаро мизбонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG