Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гелонӣ ва Карзай муштаракан аз ситезаҷӯён шикоят карданд


Сарвазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо раисиҷумҳури Афғонистон нигаронии амиқи худро аз шабехунҳои фаромарзии ситезаҷӯён иброз дошт. Вай дар ин сӯҳбат хостори баргузории як ҳамоиши фармондеҳони маҳаллӣ шудааст, то аз ҳалокати минбаъдаи мардуми бегуноҳ дар ҳарду сӯи марз пешгирӣ ба амал ояд. Бино ба изҳороти дафтари сарвазири Покистон, раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай гуфтааст, ду кишвар бояд барои ноком кардани ситезаҷӯён даст ба ҳамкории наздиктар зананд. Гуфтугӯ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ҳарду кишвар аз вуруди мусаллаҳон ба қаламрави хеш ва қатли афроди осоишта ба ҳамдигар шикоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG