Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози Аврупо аз бунгоҳҳои эътимодсанҷии иқтисодӣ


Сиёсатмадорони Аврупо бунгоҳҳои эътимодсанҷии иқтисодиро барои коҳиши эътибори Португалия зери танқид гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки бунгоҳи Мудӣ дирӯз вазъи бозгардони қарзҳои Португалия нигаронкунанда номида, ба он баҳои паст дод ва гуфт, мумкин аст, Португалия ба кӯмакҳои нави молиявӣ ниёз пайдо кунад. Баъд аз ин эълон қурби евро ва саҳҳоми Аврупо коҳиш ёфт ба поинтарин нуқта дар ҳафта расид. Сухангӯи Кумиссюни Аврупо, Амадеу Алтафай гуфт, фурсати ин баҳогузорӣ суолбарангез аст ва масъалаҳои ахлоқии бунгоҳро ба миён меорад. Намояндагони Юнон ва Олмон низ гузориши ахири ширкати Мудиро танқид карданд. Вале мушкил ин аст, ки бунгоҳҳои дигар низ тақрибан баҳои наздик ба Мудиро нашр кардаанд.
XS
SM
MD
LG