Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи 9 сарнишини ҳавопаймои озарӣ ҳалок шудаанд


Вазорати нақлиёти Афғонистон гуфт, ҳамаи 9 сарнишини ҳавопаймои боркаши Озарбойҷон, ки шаби гузашта дар шарқи Афғонистон суқут кард, ҳалок шудаанд. Иллати сониҳа дар минтақаи дурдасти Сияҳгирди вилояти Парвон ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи мақомот, ҳавопаймои сохти русии ИЛ-76 шоми 5 июл бо 18 тонна мавод барои нирӯҳои НАТО аз Боку ба самти фурудгоҳи Багроми Кобул ба ҳаво хеста буд. Сафорати Озарбойҷон дар Покистон гуфт, халабонҳои ҳавопаймо аз Озарбойҷону Узбакистонанд. Ҳавопаймои суқуткарда ба ширкати озарии Silk Way тааллуқ доштааст.
XS
SM
MD
LG