Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи як гузориш, қиммати молу коло дар 5 моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон 3, 7 дарсад боло рафтааст.

Дар феҳристи Кумитаи байнидавлатии омори кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамсуд, Тоҷикистон ба думболи Белорус қарор дорад, ки 25 дарсад афзиши нархҳои бозор мушоҳида шудааст. Дар маҷмӯъ дар кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ дар панҷ моҳи соли равон сатҳи таваррум 5, 8 дарсадро ташкил додааст. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта ду дарсад афзоишро нишон медиҳад.

ИЛЛАТИ БОЛОРАВИИ НАРХҲО ЧИСТ?

Иллати аслии болоравии қиматҳои бозор ба гуфтаи коршиносон, болоравии нархи маводи сӯхт аст. Ва сабаби дигари он ҳам ба як кишвари масрафкунанда табдил шудани Тоҷикистон аст, ки ҳаштод дарсади маводи мавриди ниёзи худро ворид мекунад ва дар муқобил танҳо пахта ва алюминий содир менамояд, ки дар натиҷа тавозуни воридот бар содирот ҳудуди 80 дар бистро ташкил медиҳад.



Аз сӯи дигар давлат имкони додани ёрона барои паст нигоҳ доштани қиматҳои бозорро надорад. Ба ин далел имкони назорати комили қиматҳоро низ дар ихтиёр надорад. Акбар Хоҷаев, мудири шӯъбаи хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон мегӯяд: «Мо баъзе нархҳоро мувофиқа мекунем ва мебинем. Аммо нархҳо озод аст, ташаккули нархҳо дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳо озод аст. Ва болоравии қиматҳо аз як омил танҳо вобаст нест, ин чандин сабаб дорад.»

БОҶИ ГУМРУКИИ МАВОДИ СӮХТ КОҲИШ ЁФТ. НАРХҲО ЧӢ?

Аммо ахиран ҳукумати Русия эълон кард, ки қимати боҷи гумрукӣ ё содироти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистонро ҳудуди 3 дарсад коҳиш додааст. Русия аз соли 1995 то кунун маводи сӯхтро ба Тоҷикистон бо қиматҳои имтиёзӣ мефурӯхт. Аммо аз моҳи майи соли 2011-ум дар ин қарори худ таҷдиди назар кард ва барои содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистон боҷи содиротӣ ҷорӣ намуд. Ахиран ин боҷ барои ҳар тонна бензин 415 долларро ташкил медод.

Акнун суоле, ки матраҳ мешавад ин аст, ки ба думболи қарори ҳукумати Русия роҷеъ ба коҳиши боҷи содиротии бензин ба Тоҷикистон, яъне коҳиши қимати воридоти бензин, метавон коҳиши қиматҳоро дар бозори дохилӣ интизор шуд? Чун як иллати аслии болоравии нархҳо, дар афзоиши қимати ҳамлу нақл унвон мешуд?

Шодӣ Шабдолов, узви Кумитаи энержӣ дар парлумони Тоҷикистон мегӯяд: «Албатта се дарсад кам кардани боҷи
Шодӣ Шабдолов, узви Кумитаи энержӣ дар пaрлумони Тоҷикистон

содиротӣ таъсир хоҳад дошт, аммо гап дар сари ин аст, ки оё ширкатҳои воридкунанда нархро паст мекунанд ё не. Таҷриба нишон медиҳад, ки онҳо нархоро паст намекунанд дигар, қиматҳо ҳамин хел боқӣ мемонад. Чунки табиати ин моликияти хусусӣ ҳамин аст. Фақат мафод мехоҳад. Бинобар ин, аз рӯи таҷриба инҳо нархро паст намекунанд.»

РОҲИ КОҲИШИ НАРХҲО КАДОМ АСТ?

Коршиносон мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон то замоне, ки натавонад таносуби содироту воридоти маводи мавриди ниёзро таъмин кунад ва ё ба ширкатҳои воридкунанда ҷубронпулӣ пардохт намояд, нахоҳад тавонист аз болорави қиматҳо ҷилавгирӣ кунад ва ё нархҳоро танзим намояд.

Як роҳи дигари коҳиши қиматҳои бозор, аз ҷумла кам кардани қимати бензин, лағви муваққати боҷи гумрукӣ ва молиёт изофӣ унвон мешавад. Амале, ки давлати Тоҷикистон то кунун нахостааст онро озмоиш кунад, аммо дар сурати ба танг омадани вазъияти бозори дохилӣ, ногузир чорае ҷуз ин роҳ нахоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG