Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози маъракаи Amnesty ба нишони дифоъ аз Усмонов


Маъракаи ҳамраъйӣ бо Урунбой Усмонов дар қароргоҳи ББС дар Лондон

Маъракаи ҳамраъйӣ бо Урунбой Усмонов дар қароргоҳи ББС дар Лондон

Amnesty International ба нишони дифоъ аз хабарнигори бахши узбакии ББС Урунбой Усмонов як маъракаи густардаи ҷамъоварии имзоҳоро шурӯъ кардааст, ки то 17 август идома хоҳад ёфт. Дар номаи ин созмони ҳомии ҳуқуқ даъват мешавад, то бо изҳори нигаронӣ ва талаби раҳоии хабарнигор ҳамраъйии худро намоиш диҳанд. Урунбой Усмонов, ки барои ББС аз вилояти Суғд гузориш медод, рӯзи 13 июн бо иттиҳоми узвият дар ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Баъдан ин иттиҳом аз парвандаи ӯ лағв шуд, вале Усмонов бо иттиҳомоти дигар ҳамчунон дар боздошт қарор дорад. Намояндагии ИА дар Душанбе низ имрӯз бо изҳори нигаронии амиқ аз ин қазия дигарбора ба раҳоии билофосилаи хабарнигори ББС исрор кардааст.
XS
SM
MD
LG