Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод - зидди таҷзияи ҷинсии донишҷӯён


М.Аҳмадинажод
М.Аҳмадинажод
Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз тарҳи ҷадиди таҷзияи ҷинсии синфхонаҳо дар бархе донишгоҳҳоро интиқод кард ва амр дод, то аз чунин иқдомоти “сатҳӣ ва беақлона” билофосила ҷилавгирӣ шавад. Номаи Аҳмадинажод ба вузарои маориф ва ҳифзи сиҳҳати Эрон дар сомонаи ӯ нашр шуда, посух ба иқдомоти бархе тундравони мазҳабист, ки мехоҳанд донишҷӯёни марду зан дар бархе донишгоҳҳо алоҳида тадрис бигиранд. Аммо бисёре аз мақомоти риштаи маорифи Эрон мухолифи ин пешниҳоданд.
XS
SM
MD
LG