Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунатҳои нави хунин дар Карочии Покистон


Пулиси Покистон мегӯяд, субҳи имрӯз аз як автобус дар канори Карочӣ аҷсоди тирхӯрдаи 5 нафарро пайдо кардааст. Пулис мегӯяд, дирӯз дар идомаи хушунатҳои қавмиву сиёсӣ дар ин бузургтарин бандари Покистон дастикам 7 нафар кушта шуданд. Даргириҳо байни тарафдорони ду ҷунбиши қавмӣ – Маҷлиси муттаҳидаи амал ва ҳизби авом рух додаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бар асари ошӯбҳо дар Карочӣ дар соли ҷорӣ зери 500 нафар алакай ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG