Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои суқуткарда аз Озарбойҷон будааст


Мақомоти афғон мегӯянд, ҳавопаймои боркаши шаби гузашта дар шарқи Афғонистон суқуткарда ба Озарбойҷон тааллуқ дошта, сарнишинонаш ғолибан ҳалок шудаанд. Мақомот мегӯянд, наҷотдиҳандагон талош доранд ба маҳалли ин сониҳа – минтақаи дурдасти Сияҳгирди вилояти Парвон бирасанд. Ин ҳавопаймои сохти русӣ аз сӯи низомиҳои Амрико истифода мешуд, вале ба ширкати озарии Silk Way тааллуқ мегирифт. Қаблан гуфта мешуд, ки ин ҳавопаймо марбут ба Русия аст. Сухангӯи нирӯҳои НАТО Тим Ҷеймс гуфт, ҳавопаймо дар як кӯҳистони 3800 метр баланд суқут кардааст.
XS
SM
MD
LG