Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Тадич имрӯз вориди Сараево шуд


Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич имрӯз бо ҳадафи беҳбуди равобити кишвараш бо Босния вориди Сараево шуд. Равобити онҳо дар пайи ҷанги Балкан дар солҳои 1992-1995 дар чанги танишҳо қарор дорад ва ин ҳамагӣ сафари дуввуми Тадич ба Босния мебошад. Ӯ, ки худ дар Сараево ба дунё омадааст, бо сегонаи раҳбарони Босния, аз ҷумла кафили раёсати ин ҷумҳурӣ Небося Радманович, ки намояндаи сербҳост, ва намояндагони мусалмонҳову хорватҳо дар ин сегона Боқир Иззатбекович ва Зелко Комсич мулоқот хоҳад кард. Сафари Тадич ба Босния дар пайи боздошти фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Босния Ратко Младич аст, ки ба ҷиноёти ҷанг айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG