Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар мусобиқаи “Ёдбуди Знаменскийҳо” чаҳорум шуд


Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии “Ёдбуди бародарон Знаменскийҳо” дар шаҳри Жуковскии Русия дар гурзандозӣ миёни мардон мақоми чаҳорумро касб кард

Бар асоси низомномаи ин мусобиқа аз миёни 12 ширкаткунандаи сабқати гурзандозӣ аз 6 кишвар-Маҷористон, Русия, Тоҷикистон, Лаҳистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Миср чаҳор нафар беҳтаринҳо ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф шуданд.

Дилшод Назаров дар сабқати ниҳоӣ гурзро ба дурии 76 метру 19 сантиметр ҳаво дод ва дар ҷойи чаҳорум қарор гирифт.

Кристиан Парш, аз Маҷористон, бо натиҷаи 79 метру 70 сантиметр ғолиби ин мусобиқа шуд. Русиягиҳо Кирилл Иконников (78,63) ва Сергей Литвинов (78,15) ҷойҳои дуввуму севумро соҳибӣ карданд.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров то имрӯз танҳо варзишгарест аз Тоҷикистон, ки соҳиби роҳхат бо Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон гаштааст.
XS
SM
MD
LG