Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар пояи омори вазорати маориф, сол то сол теъдоди қабулшавандагон ба мактабҳои олӣ афзоиш меёбад.

Имсол низ тибқи нақша, бояд беш аз 29 ҳазор донишҷӯ ба мактабҳои олӣ қабул шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта наздик ба 29 ҳазор донишҷӯ ба мактабҳои олии кишвар дохил шуданд. Бадин тартиб, имсол теъдоди донишҷӯёни қабулшаванда ҳудуди 1000 нафар зиёд шудааст.

ТЕЪДОДИ ДОНИШҶӮЁН МЕАФЗОЯД

Тибқи нақшаи вазорати маориф, аз ҷумлаи беш аз 29 ҳазори донишҷӯи қабулшаванда, беш аз 18 ҳазори он ба бахши шартномавӣ, 11 ҳазор ба бахши буҷавӣ қабул карда мешаванд.

Фатҳиддин Усмонов, сардори раёсати ба нақшагирии вазорати маориф дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки имсол дар бахши қабули донишҷӯён ва беҳтар кардани сифати омода намудани кадрҳо, дигаргуниҳое ҳам дида мешавад: «Тағийроти асосие, ки дар соли хониши имсол сурат гирифтааст, ин кам кардани шумораи донишҷӯёни ғоибхон мебошад. Дар ихтисосоҳои техникӣ, ғайриомӯзгори шумораи донишҷӯёни ғоибона кам карда шудааст. Тағйироти дигаре, ки ба мақсади беҳтар кардани сифати кадрҳо муосидат мекунад, ин ба равияи муассисаҳо мувофиқ кунонидани ихтисосҳое, ки онҳо қаблан қабул мекарданд.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз сатҳи пасту сифати тайёр кардани кадрҳо дар кишвар бештар интиқод мешавад. Ҳатто вазири маориф ҳам борҳо дар нишастҳои матбуотӣ, дар радифи пешравиҳо, аз сатҳи пасти таълим нигаронӣ мекард.

ШИКОЯТ АЗ САТҲИ ДОНИШИ УСТОДОН

Фарҳод, донишҷӯи яке аз мактабҳои олии кишвар, ки дар як сол барои таҳсил 1200 доллари амрикоӣ сарф мекунад, мегӯяд, ки дар муқоиса ба солҳои қабл, акнун ба синфхонаи онҳо мизу курсии нав оварданд.

Вай мегӯяд, ҳарчанд, ки сатҳи таълим қонеъкунанда нест ва устодон ҳамеша даромади худро муҳимтар медонанд, аммо ҷавонон маҷбуранд, ки таҳсил кунанд. Зеро имконияти беҳтар кардани муҳити таълим ва ба ҷойи дигар муроҷиа кардан нест. Чун агар дар ин маврид ба вазорати маориф шикоят барем, аниқ мавриди сарзаниш ва фишори устодон қарор хоҳем гирифт: «Ҳамкурсам аз гурӯҳи мо ба дигар гурӯҳ рафт. Дар он гурӯҳ устодон ҳам ба талабот ҷавобгӯ набуданд ва дар вақти имтиҳон, суолборони бад мекунанд ва нодон гуфта рӯҳан мешикананад донишҷӯро, баъд ҳамкурсам боз ба гурӯҳи мо баргашт. Ин ҳолатро мо дида дигар дар гурӯҳамон бо ҳамон устодон мондем.»

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф борҳо дар мавриди сатҳи таълим дар мактабҳои олӣ изҳори нигаронӣ карда буд, аммо ба гуфтаи вай, расман ҳолатҳои муроҷиати донишҷӯён ба унвонии вазорат сурат нагирифтааст.

Дар ҳоле, ки 60 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар сатҳи камбизоатӣ қарор дорад ва боз ҳам 16 дарсади буҷаи давлат ба соҳаи маориф нигаронида шудааст, 70 дарсади донишҷӯёни қабулшуда дар бахши шартномавӣ, яъне таҳсили пулакӣ қабул мешаванд. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар ҳоле, ки қишри аъзами ҷомеа дар ҳолати фақр ба сар мебаранд, меъёри пардохт, яъне то ба андозаи 1200 доллар ва ҳатто болотар аз он, марзҳои қирмизии адолати иҷтимоиро убур мекунад.

ПУЛҲО КУҶО МЕШАВАНД?

То ҳоло вазорати маориф аз маблағи воридотии бахши шартномаҳо иттилоъ надодааст. Бобоҷони Қаюм, таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки дар шароити иҷтимоие, ки Тоҷикистон ба сар мебарад, муаммо аст, ки бахши шартномавии мактабҳои олӣ аз кадом ҳисоб пур мешаванд.

Зеро, агар яку ним миллион хонавода аробаи рӯзгори худро аз ҳисоби мардикорӣ бикашад, пас аз ҳамин ҳисоб ҳам шартномаи таҳсил пардохт мешавад ва аз ин ҳисоб даҳҳо ҳазор доллар ба буҷаи маориф ворид мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки солона садҳо ҷавони дигар дар айёми таҳсилу довталаб будан, роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд ва даҳҳо духтари дигар аз сабаби камбуди иқтисоди оилавӣ, роҳи донишгоҳҳо ба рӯяшон баста аст.

Бо ин вуҷуд то ҳол ягон пажӯҳиши тозае анҷом нашудааст, ки исбот кунад, ки сабабҳои болоравии теъдоди донишҷӯёни шартномавӣ дар чӣ аст.

Оқои Қаюм мегӯяд: «Онҳое, ки бо шартнома ва ғоибона донишгоҳҳоро хатм мекунанд ё аниқатараш диплом мегиранд, баъдан рӯ ба Русия меоранд ва дар бозору дигар соҳоти ин кишвар пайи кор ҳастанд. Аксарияти онҳо дипломи мактаби олии моро доранд, зеро пул дода дохил шуда диплом гирифтанд. Онҳое, ки каму беш савод доранд, пул надоранд ё бо боварӣ ва мақсади таҳсил мехоҳанд, ки донишҷӯ шаванд барояшон вазнин аст. Бубинед ин даҳҳо ҳазор доллар куҷо меравад аз ҳисоби шартномаҳо, мактабҳои олӣ оддитарин шароитро надоранд, ҳамон синфхонаҳои шӯравӣ, фақат зоҳиран рангу бор мешаванд.»

Ҳамсӯҳбатам мегӯяд, ки дар ҳоле Тоҷикистон дар заминаи зиёд шудани таҳсили шартномавӣ ва дар муқоиса ба маоши ҳадди ақал бомаротиб будани теъдоди маблағ барои таҳсил рекорд нишон медиҳад, ки ҳамоно маоши омӯзгорон ба бозор рост намеояд, синфхонаҳои таълимии мактабҳои олӣ дар фаслҳои гармӣ ва сардӣ мутобиқ нестанд, сатҳи дониши омӯзгорон ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Афзун бар ин, системаи нави таълимӣ, иборат аз дастгоҳҳои нави техникӣ ҳамоно мушкили рақами аввал боқӣ мондааст.

Вазорати маориф мегӯяд, ки имсол ҳам вазорат дар асоси шартномаи байни давлатҳо, беш аз 1000 нафар донишҷӯи хориҷиро аз Афғонистон, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон ба таълим фаро мегирад. Донишҷӯёни хориҷӣ асосан дар ришатҳои техникӣ, тиб, муҳандисӣ ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG