Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty хостори ба додгоҳи Ҳейг супурдани Сурия шуд


Amnesty International имрӯз дар гузоришаш гуфт, ки нирӯҳои Сурия метавонанд ба ҷиноёт алайҳи башарият айбдор шаванд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз СММ хост, то ин қазияро ба дасти Додгоҳи байналмилалии Ҳейг бисупорад. Қаблан сухангӯи вазорати хориҷаи Фаронса Ромен Надал низ хостори дахолати СММ дар Сурия шуда, гуфт, ҷаҳон набояд дар муқобили ин ҳама “саркӯбиҳои ваҳшиёна” “нофаъолу нотавон” барҷой бимонад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, тайи қариб 4 моҳи эътирозҳои алайҳи режими Башшор Асад дар Сурия беш аз 1300 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG