Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути ҳавопаймои борбари Русия дар Парвон


Як ҳавопаймои борбари Русия шаби гузашта дар шарқи Афғонистон суқут кардааст. Дар бораи қурбониёни ин сониҳа дар минтақаи Сияҳгирди вилояти Парвон ҳанӯз гузориш нашудааст, вале як мақоми маҳаллӣ Саид Олимоғо гуфт, наҷотдиҳандагон то ҳол ба маҳалли сониҳа, ки як минтақаи дурдаст аст, нарасидаанд. Сухангӯи нирӯҳои НАТО Тим Ҷеймс гуфт, ҳавопаймо дар як кӯҳистони 3800 метр баланд суқут кардааст, вале марбут ба нирӯҳои эътилоф нест.
XS
SM
MD
LG