Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Беларусу Тоҷикистон дар сабқати нарх


Бино ба охирин омори Кумитаи омори СНГ, Беларус ва Тоҷикистон аз лиҳози мизони болоравии нархҳо имсол дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ пешсаф будаанд. “Азия Плюс”, ношири ин хабар мегӯяд, тайи 5 моҳи аввали сол нархҳо дар Беларус 25,4 дарсад ва дар Тоҷикистон 6,9 дарсад боло рафтаанд.
44 дарсад афзудани боҷи содиротии бензини Русия аз 1 май як иллати аслии афзоиши нархҳо дар бозори Тоҷикистон ном бурда мешавад, вале иқтисоддонҳо ба ҳамагӣ зери 7 дарсад боло рафтани нарху наво дар ин кишвар шакк оварда, мегӯянд, дар асл қимати маҳсулот дар Тоҷикистон имсол хеле бештар афзудааст.
XS
SM
MD
LG