Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафони сабқати Лигаи олӣ


Бозиҳои даври 21-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии пешсафони ҷадвали мусобиқа поён ёфтанд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи 5-уми июл дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуд.

Дар ин бозӣ Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари “Истиқлол”, дар дақиқаҳои 59-ум, 65-ум ва 92-юм се гол зада, хет-трик кард. Ду голи дигари “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев (дақиқаҳои 24-ум ва 28-ум) ва як голро капитани даста Юсуф Рабиев (дақиқаи 26-ум) ба ҳадаф расонданд. Голҳои “Энергетик”-ро легионери африқоӣ Габриэл Донто (дақиқаи 70-ум) ва Шуҷоат Неъматов (74) заданд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бегоҳи сешанбе дар варзишгоҳи “Политехникум”-и Душанбе бар тими мизбон - «Гвардия» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯби ҳалкунандаро ҳамлагар Фозил Сатторов дар нимаи дуввуми бозӣ, дар дақиқаи 49-ум, ба дарвозаи мизбонон ворид кард.

Дастаи “Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 5-уми июл дар майдони худ – варзишгоҳи “Металлург тими «Шодмон»-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Се голи мизбононро дар нимаи аввали бозӣ Хуршед Маҳмудов, Нӯъмонҷон Ҳакимов ва Фаррух Чориев ва як голи меҳмононро Ҷунайдулло Мӯҳтоҷев дар нимаи дуввум ба самар расонданд.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бегоҳи сешанбе дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият” бар тими меҳмон - «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ҳисобро дар ин дидор Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари “Хайр”, дар дақиқаи 10-ум боз кард. Баъдан Мирзо Аминов, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Денис Сенчук, легионери “Хуҷанд”, дар нимаи дуввум, дар дақиқаи 69-ум, аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

Нахустин бозии даври 21-уми мусобиқот рӯзи 4-уми июл баргузор шуда буд. Дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ” аз тими меҳмон – ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.
Ду голи мизбононро Мансур Ҳакимов, капитани “Парвоз”, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаҳои 19-ум ва 43 -юм, ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дуввуми бозӣ футболбозони ССКА “Помир” - Илҳом Ортиқов ду гол (дақиқаҳои 65-ум ва 90-ум)) ва Даврон Тухтасунов як гол (70) зада, бозиро ба нафъи дастаи худ анҷом доданд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) бо 12 гол пешсаф аст. Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 11-голӣ, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 10 гол гол задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Истиқлол" 16 13 1 2 37-10 40
2. "Равшан" 17 12 2 3 32-11 38
3. "Регар-ТадАЗ" 17 11 3 3 35-15 36
4. "Хайр" 17 9 3 5 28-17 30
5. "Энергетик" 19 9 2 8 29-30 29
6. ССКА “Помир” 18 8 1 9 31-34 25
7. "Хуҷанд" 18 7 4 7 24-26 25
8. "Вахш" 17 6 1 10 17-20 19
9. "Парвоз" 19 5 3 11 20-38 18
10. “Шодмон” 19 4 2 13 21-39 14
11. "Гвардия" 19 2 2 15 14-48 8

Даври 22-юм

8-уми июл (ҷумъа)
«Истиқлол» - «Шодмон»

9-уми июл (шанбе)
«Парвоз» - «Хуҷанд»
«Энергетик» - «Регар-ТадАЗ»
ССКА «Помир» - «Хайр»
«Вахш» - «Равшан»

Бозиҳои мавқуфмонда

12-уми июл (сешанбе)
“Хайр” - “Истиқлол”
“Регар-ТадАЗ” - “Вахш”

15-уми июл (ҷумъа)
“Хайр” - “Равшан”
ССКА “Помир” - “Вахш”

Бозиҳо соати 17:30 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG