Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исрори ИА ба раҳоии хабарнигори ББС


Урунбой Усмонов

Урунбой Усмонов

Намояндагии ИА дар Душанбе аз тасмими мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати лағви иттиҳоми узвият дар Ҳизби Таҳрир аз парвандаи хабарнигори бахши узбакии ББС Урунбой Усмонов истиқбол карда, вале боз ҳам ба раҳоии билофосилаи ӯ пой фишурдаанд. Дафтари ИА дар баёнияаш аз иттиҳомоти бозмонда дар парвандаи Усмонов изҳори нигаронии амиқ кардааст. Урунбой Усмонов, ки барои бахши узбакии ББС аз вилояти Суғд гузориш медод, рӯзи 13 июн бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Боздошти ӯ мояи мавҷи интиқодоти шадиди байналмилалӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG