Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса хостори вокуниши СММ ба вазъи Сурия шуд


Фаронса аз Созмони Милал даъват кард, дар муқобили саркӯби эътирозгарон дар Сурия даст ба амал занад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Фаронса, Роман Надал гуфт, ҷаҳон наметавонад дар рӯбарӯи зӯроварие, ки дар Сурия иттифоқ меафтад, “ором ва лоилоҷ” биншинад. Даъвати Фаронса дар ҳоле садо медиҳад, ки нерӯҳои вафодор ба президенти Сурия, Башор Асад, дирӯз дар шаҳри марказии Ҳама 14 мухолифи давлатро ба қатл расонданд. Шаҳрро пас аз бурузгтарин тазоҳуроти зидди ҳукумати Асад тонку зиреҳпӯшҳо ба муҳосира гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG