Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо саркӯби мухолифон дар Беларусро маҳкум кард


Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо саркӯби норозиён дар Беларусро шадидан танқид карданд. Дар изҳороти Одрониус Ажубалис, раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфта мешавад ҳукумати Беларус бояд ба ҳуқуқи бунёдии мардуми хеш арҷ гузорад. Йержӣ Бузек, раиси Порлумони Аврупо ба озодии фаврӣ ва беқайду шарти боздоштшудагон даъват кард. Майя Косянич, сухангӯи раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кетрин Аштон ба Радиои Озодӣ гуфт, Иттиҳоди Аврупо таҳаввулоти Беларусро бо “нигаронии амиқ” дунбол мекунад. То ҳоло 140 нафар маҳкум шуда, парвандаи 200 нафари дигар дар дасти таҳқиқ аст. Тазоҳурот дар Беларус аз интихоботи президентии моҳи декабр шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG