Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни таҳқиқи қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар Покистон


Додгоҳи Покистон ба натиҷа расид, ки полиси ин кишвар рӯзи 17-уми май гурӯҳи шаҳрвандони хориҷиро дар шаҳри Кветаи аёлати Балуҷистон бидуни далел ба қатл расондааст. Кормандони полис на танҳо ғайриҳирфаӣ амал кардаанд, балки баъд аз тирандозӣ захмиёнро дигарбора аз фосилаи наздик ҳадаф гирифтаанд. Аз ин панҷ нафар яке шаҳрванди Тоҷикистон Нӯъмон Муқимов бо ҳамсараш, сокини Ҷумҳурии Ёқутистон Олга Шрёдер ва бақия шаҳрвандони Русия будаанд. Полис гуфтааст, хориҷиёни кушташуда террористони мусаллаҳ ва хатарнок буданд, вале таҳқиқ нишон додааст, ки онҳо мусаллаҳ набуданд ва таҳдиде накардаанд. Узви Додгоҳи олии Балуҷистон, Муҳаммад Ҳошимхон Кокор дар гузориши қариб 100-сафҳагияш гуфтааст, эҳтимоли робитаи кушташудагон бо гурӯҳҳои ситезаҷӯ мавҷуд аст, аммо дар лаҳзаи ҳодиса онҳо ҳеҷ таҳдиде надоштанд ва полис аз худ бераҳмӣ нишон дод, ки захмиёнро пас аз 20-30 дақиқаи он ки дар рӯи замин хобида буданд, аз наздик дар пеши чашми раҳгузарон тирборон карданд ва ба ҳалокат расонданд.
XS
SM
MD
LG