Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Русия панҷ тоҷикро аз ғуломӣ озод кард


Полиси Русия панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро дар шаҳраки Марковои вилояти Иркутск аз ғуломӣ озод кард. Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, ин амалиёт бо хоҳиши Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷараён гирифта, аз рӯи занги телефонии як муҳоҷир ба кормандони сафорат маълум шудааст, ки як зан панҷ ҷавонмарди тоҷикро дар фермаи худ ба ҳайси ғулом кор мефармудааст. Соҳиби ферма гузарномаи муҳоҷиронро мусодира намуда, ба онҳо танҳо об ва нон медодааст. Ғуломони тоҷик ҳамроҳи гову мол дар оғилхонаҳои ферма зиндагӣ мекардаанд. Полис асноди муҳоҷиронро ба онҳо баргардонд ва қазияро тафтиш мекунад.
XS
SM
MD
LG