Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Отунбоева аз марзи Қирғизистону Тоҷикистон


Раисиҷумҳури Қирғизистон, Роза Отунбоева баҳсҳои марбут ба обу замин, мавҷудияти минтақаҳои баҳсталаб ва нотамом мондани таъйину аломатгузориро таҳдид ба вазъи марзҳои давлатии кишвараш номид. Дар ҷаласаи идораҳои қудратии Қирғизистон Отунбоева гуфт, “бино ба иттилои феълӣ, вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон мӯътадил, аммо дар вилояти ҳаммарзи Суғди Тоҷикистон муташшаниҷ аст.” Ба эҳтимоли зиёд, ин ишора ба баҳсҳои дуҷонибае буд, ки моҳи гузашта миёни сокинони вилоятҳои Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Тоҷикистон ва Қирғизистон 971 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 40 дарсади он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG