Пайвандҳои дастрасӣ

Бархӯрди забонҳои русӣ ва қазоқӣ дар мактабҳои миёна


Ду мактаби миёна дар Қазоқистон барои табдили забони таълим аз русӣ ба қазоқӣ ҳадафи шикояти додгоҳии омӯзгорон ва падару модарон табдил ёфтаанд. Вакил Нурхон Ҷумъабеков ба Радиои Озодӣ гуфт, наздик ба 300 сокини шаҳри Темиртау дар шимолу ғарби Қазоқистон тағйири забони таълимро ғайриқонунӣ номида, ба додгоҳ муроҷиат кардаанд. Омӯзгор Светлана Оришенко мегӯяд, додгҳо дар ибтидо аризаи чанд нафарро напазируфт ва танҳо замоне аризаро гирифт, ки ба он садҳо нафар имзо гузоштанд. Норозиён мегӯянд, шӯъбаи маорифи шаҳр дар ҳоле забони таълими мактабҳоро иваз кардааст, ки шумораи хоҳишмандони таҳсил ба забони қазоқӣ зиёд нест. Вале мақомоти давлатӣ мегӯянд, барои ҳифзи ҳуқуқи як бахши аҳолӣ ин иқдомро гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG