Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ марги Магнитскийро таҳқиқ кардаанд


Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, муфаттишони полис, нозиони маҳбас ва пизишкон бояд дар марги вакили ҳуқуқӣ Сергей Магнитский муттаҳам шаванд. Магнитский баъди он зиндонӣ ва ба напардохтани андоз айбдор шуд, ки гуфт, шевуаи ғайриқонунии амали давлатро кашф кард ва бо ин шева солона 200 миллион доллари ғайриқонунӣ аз ширкатҳои хориҷӣ ба хазинаи давлат мерезад. Ҳайате аз фаъолони саршиноси ҳуқуқи башари Русия натиҷаҳои пажӯҳиши худро дар ин бора ба раисиҷумҳур Дмитрий Медведев пешниҳод кардаанд. Медведев гуфтааст, ба бовари ӯ низ марги Магнитский дар натиҷаи аъмоли ҷиноӣ ба вуқӯъ пайваст ва ӯ ба он расидагӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG