Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти нави "ҳамлаи ҷинсӣ" ба зидди Стросс-Кан


Як нависандазани 32-солаи фаронсавӣ ба додгоҳ шикоят бурд, ки сиёсатмадори саршинос Доминик Стросс-Кан ҳашт сол пеш кӯшидааст, ба номуси ӯ таҷовуз кунад. Вакили Тристан Банон мегӯяд, хонуми Банон талаб дорад, зидди Кан парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Банон афзудааст, Кан ҳангоми мусоҳиба дар як хона дар Порис дар соли 2003 талош кард, ӯро ба қаробати ҷинсӣ моил намояд. Шикоят дар ҳоле рӯ задааст, ки Кан зимни иттиҳоми таарузи ҷинсӣ аз мақоми раиси Сандуқи байнулмилалии пул истеъфо дод ва парвандааш дар додгоҳи Ню Йорк дар ҳоли фурӯпошист.
XS
SM
MD
LG