Пайвандҳои дастрасӣ

Португалия дубора ба бӯҳрони қарз рӯбарӯ мешавад


Бунгоҳи эътимодсанҷии иқтисодии Мудӣ (Moody) мақоми қарзи Португалияро як зина поин бурд ва мегӯяд, хатари ин ки кишвар ҳанӯз пеш аз ҳалли мушкили қарзи худ ба кӯмаки нави молиявӣ ниёзманд хоҳад шуд, зиёд аст. Он ҳамчунин изҳори нигаронӣ кард, ки Лисабон нахоҳад тавонист, шартҳои кӯмаки аввали Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пулро иборат аз 112 миллиард доллар иҷро кунад. Португалия, Юнон ва Ирлонд барои тармими иқтисодиёти худ қарзу кӯмакҳои бузург гирифтаанд ва Юнон акнун шартҳои кӯмаки дувумро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG