Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Саакашвилӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд


Писари 15-солаи раисиҷумҳури Гурҷистон, Михел Саакашвилӣ, ба баландтарин суръати ҳуруфчинӣ рӯйи Айпад (iPad) ноил гашт. Эдуард Саакашвилӣ алифбои инглисиро дар 5 сонияву 26 милисония анҷом дод, ки 1,05 сония аз рекорди пешинаи мансуб ба навраси бритониёӣ Чарлӣ Макдонел беҳтар аст. Иҷрои ин амал аз тарафи нозири Китоби рекордҳои Гиннес дар шаҳри Батумии Гурҷистон ба қайд гирифта шуд. Дар барномаи телевизиони Гурҷистон навраси 15-сола гуфт, бисёр шод аст ва барои расидан ба ин муваффақият моҳҳо тамрин кардааст.
XS
SM
MD
LG