Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигорони белорус маҳкум ба зиндон шуданд


Дар Белорус шаш хабарнигор ба мӯҳлати аз 3 то 12 рӯз маҳкум ба зиндон шуданд.

Ба иттилоъи Анҷумани хабарнигорони Белорус, мурофиаҳои додгоҳӣ дар шаҳри Гродно баргузор гаштанд. Ҳамаи хабарнигорон дар ширкат дар ҳамоишҳои эътирозии «Инқилоб тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет» айбдор шудаанд. Ба нишони эътироз ду хабарнигор – Игор Бенсер ва Алес Денисов гуруснанишинӣ эълон карданд.

Фардо дар шаҳри Гродно мурофиаи додгоҳии Михаил Карневич, хабарнигори бахши белорусии Радиои Озодӣ, баргузор мешавад, ки рӯзи 3 июл боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG