Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор манотиқи ҳарчӣ бештари Русияро фаро мегирад


Сергей Шойгу, вазири ҳолатҳои изтирории Русия, кормандони вазоратро барои оташнишонӣ дар ҷангалзорҳои вилояти Владимир сафарбар намуд.

Ба иттилоъи ин вазорат, айни ҳол дар Русия 95 минтақаи сӯхтор мавҷуд аст, ки тақрибан 4 ҳазор гектар ҷангалзорро фаро гирифтааст. Оташсӯзӣ, ба вижа, дар вилоятҳои Иркутск, Владимир ва ҳамчунин дар Забайкалие, Бурятия ва Комӣ мақомотро сахт нигарон кардааст.

Аз ин пеш созмони “Гринпис Русия” аз раисиҷумҳур Дмитрий Медведев хостори эълони вазъи фавқулодда дар чанд минтақаи Русия шуда буд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳифзи табиат, имкон дорад, ки вазъият аз назорат берун шавад ва чун соли гузашта дуди сӯхтор тақрибан ҳама манотиқи аврупоии кишварро фаро бигирад.
XS
SM
MD
LG