Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳуландро дар марги сокинони Сребренитса масъул хонданд


Додгоҳи таҷдиди назари Ҳейг мақомоти Ҳуландро дар ҳалокати се мусалмон дар шаҳри Сребренитсаи Боснӣ дар замони ҷанг дар Балкан масъул донист.

Бо қарори додгоҳ ҳукумати Ҳуланд бояд ба аҳли хонаводаҳои қурбониёни қатли оми мусалмонҳо аз сӯи артиши сербҳои Боснӣ дар моҳи июли соли 1995 ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Ба додгоҳ яке аз пайвандони як қурбонии куштор дар Сребренитса муроҷиат намуд ва дар аризаи худ ишора намуд, нерӯҳои посдори сулҳ аз Ҳуланд, ки дар ин шаҳр мустақар буданд, бояд аз сокинони осоиштаи Сребренитса дифоъ ва аз қатли ом ҷилавгирӣ мекарданд.

Бар асари қатли ом дар Сребренитса тақрибан 8 ҳазор мардону наврасони мусалмон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG