Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испаниҳо хостори фиристодани киштиҳо ба Ғазза шуданд


Имрӯз дар Афина гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари испанӣ ба сафорати Испания дар Юнон ворид шуда, аз мақомоти кишварашон талаб карданд, ки барои ба навори Ғазза фиристодани киштиҳои ҳомили ёрии башарӣ мусоидат кунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари беш аз 20 кишвар мехостанд дар даҳ киштӣ барои навори Ғазза ёрии башарӣ фиристанд ва аммо ҳукумати Юнон ба ин монеъ шуд.

Аз ин пеш дар ҷараёни намоиши эътирозӣ алайҳи ин тасмими ҳукумат чанд тан аз фаъолони пуштибон аз Фаластин – шаҳрвандони ИМА, Канада ва Австралия боздошт шуданд.

Соли гузашта ҳамин гуна талоши интиқоли ёрии башарӣ ба навори Ғазза бо хунрезӣ поён ёфт – низомиёни исроилӣ болои киштӣ фуруд омада, онро ишғол карданд. Дар ин амалиёт онҳо 9 нафар, аз ҷумла, 8 шаҳрванди Туркияро куштанд.

Исроил чанд сол боз навори Ғаззаро аз ҷониби баҳр дар муҳосира қарор додааст.
XS
SM
MD
LG