Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Қоҳира собиқ вазири тиҷорати Миср Рашид Муҳаммад Рашидро дар ғайбаш ба панҷ соли маҳбас маҳкум кард.

Вазири собиқ дар яғмои маблағи буҷа айбор шуд ва акнун бояд ҷаримаи бузург низ пардохт кунад. Додгоҳ ду нафари дигар – вазирони собиқи молия ва иттилоотро, ки низ дар ғорати буҷа айбдор мешуданд, сафед кард.

Ин дуввумин мурофиа аз рӯи парвандаи Рашид Муҳаммад Рашид буд, ки моҳи феврал қабл аз истеъфои раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак аз кишвар фирор кард.

Моҳи гузашта ҳам вазири пешини тиҷорат ба панҷ соли маҳбас маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG