Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"НГ": Генералҳо ба нишони эътироз ба истеъфо рафтанд


Ислоҳоти генерал Макаров боиси эътироз шудааст

Ислоҳоти генерал Макаров боиси эътироз шудааст

Чанд низомии бонуфузи рус, аз ҷумла, муовини сардори Генштаб ё Ситоди Кулл генерал-лейтенант Андрей Третяк аризаи истеъфо навиштанд.

Дар ин бора нашрияи “Независимая газета”, чопи Маскав, бо такя ба як афсари воломақоми вазорати дифоъи Русия хабар дод.

Дар бораи сабабҳои истеъфо иттилоъи дақиқ зери даст нест ва аммо нашрия ҳадс задааст, бисёр генералҳо аз ислоҳот дар артиш, ки сардори Генштаб генерали артиш Николай Макаров роҳандозӣ кардааст, розӣ нестанд.

Дар матлаби "НГ" гуфта шудааст, дар бораи истеъфо асосан генералҳои ҷавони артиш ариза навиштаанд, ки ба феҳристи раисиҷумҳур барои ишғоли мақомҳои воло шомил шудаанд.
XS
SM
MD
LG