Пайвандҳои дастрасӣ

Дэвид Кэмерон аз сафар ба Лашкаргоҳ худдорӣ кард


Нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон аз сафар ба шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон худдорӣ кард.

Сабаби инро бо куштори як сарбози бритониёвӣ дар ин вилоят рабт медиҳанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин сарбоз рӯзи душанбе ногаҳонӣ ғайб зад ва баъдан ҷасади тирбороншудаи ӯ ошкор гардид. Масъулияти кушторро толибон бар дӯш гирифтанд.

Лашкаргоҳ яке аз аввалин шаҳрҳои Афғонистон аст, ки бояд ҳафтаҳои наздик интиқоли назорат ба авзоъ аз нерӯҳои хориҷӣ ба сохторҳои маҳаллии амниятӣ вогузор шавад.

Дэвид Кэмерон ба хотири баррасии масоили марбут ба ин мавзӯъ бо мақомоти Кобул вориди Афғонистон шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG