Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Вазири ҳукумати Ҷопон дар умури эҳёи баъд аз заминлдарза ва сунами Рю Масумото ба истеъфо рафт.

Ин мақом дар ҳукумат баъд аз офати табии ваҳшатбори моҳи март таъсис шуда буд.

Масумото дар ин мақом ҳамагӣ як ҳафта фаъолият кард ва аммо тайи ин муддат барои чанд изҳороти беандешааш дар баробари раҳбарони манотиқи осебдида ҳадафи танқид қарор гирифт.

Вазир, аз ҷумла, эълом дошт, то замоне, ки раҳбарони ин манотиқ тарҳҳои мушаххаси эҳёи сохторҳои маҳаллиро пешниҳод накунанд, ҳукумат ба он ҷойҳо ёрии молиявӣ ироа нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG