Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус хостори интиқоли амалиёт ба шарқи Афғонистон шуд


Генерал Дэвид Петреус, ки мақоми фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро тарк мекунад, дар бораи эҳтимоли аз манотиқи ҷанубӣ ба вилоёти шарқии Афғонистон интиқол додани амалиёти низомӣ изҳорот пахш кард.

Петреус, ки раиси Хадамоти маркази кашф ё СРУ таъин шудааст, ахиран бо хабаргузории Associated Press ва чанд расонаи дигар сӯҳбат кард.

Ӯ гуфт, ки низомиёни Эътилофи байнулмилалӣ аз ин баъд амалиётро на дар манотиқи ҷанубӣ, балки дар вилоятҳои шарқӣ идома диҳанд, зеро ҳифозати ин вилоёти наздик ба марзи Покистон хело заъиф аст.
XS
SM
MD
LG