Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии дурнамои сулҳи Афғонистон дар Душанбе


Имрӯз дар як ҳамоиши байнулмилалӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон вазъи Афғонистон ва дурнамои он баррасӣ мешавад. Маркази мутолиоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар конфаронс сиёсатмадорон ва коршиносон аз Русия, Олмон, Қазоқистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Ноиби раиси ин марказ, Сайфулло Сафаров ба хабаргузории «Азия-Плюс» гуфтааст, дар конфаронс сиёсатмадори саршинос, бародари фармондеҳи фақид Аҳмадшоҳ Масъуд – Аҳмад Валӣ Масъуд ширкат хоҳад кард. Қарор аст, дар ҳамоиш бештар рӯи омилҳои байнулмилалии низоъ ва сулҳ дар Афғонистон тамаркуз шавад.
XS
SM
MD
LG