Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин коҳиши боҷи гумрукии бензини Русия


Русия боҷи гумрукии фуровардаҳои нафтии худро сар аз 1-уми июл коҳиш дод. Акнун ин пардохт на 309 доллару 6 сент, балки 298 доллару 2 сентро ташкил хоҳад дод. Ин хабар дар торнамои ҳукумати Русия мунташир шудааст. Ин нахустин коҳиши боҷи гумрукии фуровардаҳои нафтии Русия дар соли равон аст. То ҳол ҳаракат танҳо ба самти афзоиш буд. Ба иллати он ки Русия бозори фуровардаҳои нафтӣ дар Тоҷикистонро дар даст дорад, ин афзоиш сабаби боло рафтани нархи ҳамаи маводу маҳсулот гардид. ИН ҳам дар ҳоле ки Маскав чунин боҷро барои Қирғизистон комилан лағв намуда, ба хоҳишҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора посухи рад дод.
XS
SM
MD
LG