Федерасюни байнулмилалии футбол, ФИФА, мегӯяд, бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол бо назардошти вазъи амниятӣ дар Сурия ва Яман баргузор нахоҳанд шуд. Биноан бозии Тоҷикистон ва Сурия 23-юми июл дар минтақаи бетараф – яке аз шаҳрҳои Урдун барпо мегардад. Панҷ рӯз баъд аз бозӣ Сурия меҳмони Тоҷикистон мешавад ва бозӣ дар шаҳри Турсунзода ҷараён хоҳад ёфт. Бозии дастаҳои миллии Ироқ ва Яман низ дар кишвари савум баргузор гашта, Ироқ 28-уми июл дар Арбил мизбони бозӣ бо Яман хоҳад гашт.