Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии ҳамоиши навбатии Русия ва НАТО


Дабири кулли НАТО, Андерс фоғ Расмуссен
Дабири кулли НАТО, Андерс фоғ Расмуссен

Либия ба як мушкил ё "қарта"-и нави байни Русия ва Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) табдил ёфтааст.

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ихтилофи назарҳо сари ҷанги Либия ва сипари зиддимушакии Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) дар Аврупо талошҳои мушоракати стратегии Русия ва НАТО-ро ба мушкил рӯбарӯ кардаанд.
Ин як вазифаи сангин аст ва мо дарк мекунем, ки ба натиҷаҳои хуб ниёз дорем, то зуд...


Ин нуктаро Сергей Лавров пас аз гуфтушунидҳо бо Дабири кулли НАТО, Андерс фоғ Расмуссен ва сафирони кишварҳои узви НАТО дар Сочӣ дар миён гузошт. Вай ба сурати умум гуфтушунидро “як муколамаи начандон осон” унвон кард.

Дабири кулли НАТО, Расмуссен мавҷудияти ихтилофро эътироф намуд, вале пойфишорӣ кард, ки тарафҳо дар самти таҳкими ҳамкорӣ ба таври қатъӣ пеш мераванд. Вай аз созишҳои соли гузаштаи Русия ва НАТО дар Лисабон ёдовар шуд.

Расмуссен гуфт: “Дар Лисабон мо бо тасмими кашфи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бунёди сипари зиддимушакӣ ба паёми қавӣ додем. Ин як вазифаи сангин аст ва мо дарк мекунем, ки ба натиҷаҳои хуб ниёз дорем, то зуд. Мо бояд онро дуруст анҷом диҳем ва нигарониҳои амниятии ҳамаи 29 кишвари узвро дар назар дошта бошем.”

Намояндагони Русия ва 29 кишвари узви НАТО ҷаласаи навбатии шӯрои дуҷонибаро ин бор дар Сочӣ баргузор карданд, дар ҳоле ки ин ҳамоишҳо умдатан дар ситоди НАТО дар Бруссел ҷараён меёфт.

Дар масъалаи Либия ҷониби Русия ба мурооти дақиқи Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ишора кард, ки ба амалиёти ҳавоӣ дар Либия роҳ кушод. Русия аз раъйдиҳӣ барои ин қатънома худдорӣ карда буд ва аз он вақт то ҳоло сари муддат ва шиддати зарбаҳои ҳавоии НАТО шубҳа ва хашми бештаре нишон медиҳад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия

Вазир Лавров бори дигар аз Фаронса интиқод кард, ки ба шӯришиёни Либия, ки зидди режими Муаммар Қаззофӣ меҷанганд, силоҳ мерасонад. Вай ин амалро нақзи таҳрими ирсоли аслиҳа ба Либия номид, ки Созмони Милал эълом доштааст.

Дабири кулли НАТО посух дод, ки Паймони Атлантики Шимолӣ дар Либия комилан тибқи тасмими Созмони Милал амал мекунад ва ӯҳдадор аст, вазифаи худро ба фарҷоми зарурӣ расонад. Дар масъалаи ирсоли аслиҳа ба ошӯбгарон аз тарафи Фаронса, Расмуссен гуфт, ин амал дар чаҳорчӯби барномаҳои НАТО ба вуқӯъ напайвастааст. "Ҳадафи“мо ҳимоят аз аҳолии осоишта аст,” гуфт Расмуссен.

Дар ҳамоиши намояндагони Русия ва НАТО раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ, Якоб Зума низ ширкат кард ва аз талошҳои Иттиҳоди Африқо дар ҷалби тарафҳои Либия ба гуфтушунид ва ҳалли осоишта гузориш дод. Расмуссен дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳама гуна оташбас бояд ҳақиқӣ ва қобили санҷиш буда, ҳалли осоишта бояд ормонҳои қонунии мардуми Либияро дар назар дошта бошад.

Лавров ва Расмуссен ҳамчунин мавҷудияти ихтилофи назарро байни Русия ва НАТО дар масъалаи сипари зиддимушакии Аврупо эътироф карданд. Лавров гуфт, ин барнома комилан зидди Русия нигаронида шудааст ва дар сурати татбиқи он Русия маҷбур хоҳад буд, посухи ҳамсанг диҳад. Расмуссен изофа кард, “дар ин робита бояд ба бисёр масъалаҳои калидӣ расидагӣ шавад. Мо ҳаргиз нагуфтаем, ки дар ин масъала дар чанд ҳафта ё моҳ ба тавофуқ хоҳем расид, аммо мӯътақидем муколама дар ин бора бояд идома кунад.”

Русия хостори бунёди як низоми зиддимушакии муштарак аст, вале Иёлоти Муттаҳида ба Маскав нақши маҳдудтаре пешниҳод мекунад. Қарор аст, коршиносони ду тараф то поёни ин моҳ ҷузъиёти пешниҳодро баррасӣ кунанд. Дар нишасти Сочӣ Лавров низ аз созиши Лисабон ёдовар шуд.

Вай гуфт: “Дар нишасти сарон дар Лисбон мо сиёсати эҷоди фазои сулҳомез, амн ва босубот дар минтақаи Авроатлантикро пазируфтем. Мо тавофуқи назар доштем, ки замони тақсимҳо ба минтақаҳои нуфуз ва дараҷаҳои гуногуни амният ба моли гузашта табдил ёфтааст.”

Расмуссен гуфт, паймон ва Русия бояд дар масъалаи ҷанги Афғонистон ба мушоракат ва ҳамкории наздик даст ёбанд. Вай Афғонистонро мояи коршарикии стратегии НАТО ва Русия дар ояндаи наздик номид.

Равобити НАТО ва Русия дар даҳ соли гузашта хеле босуръат наздик ва дур шудааст. Чунончӣ, баъд аз ҳамлаҳои террористии сентябри 2001 ба Иёлоти Муттаҳида онҳо ба ҳам хеле наздик омаданд, вале ба дунболи ҷанги Русия ва Гурҷистон дар соли 2008 ба поинтарин нуқта фурӯ афтоданд. Ин замоне буд, ки НАТО ҳама гуна равобит бо Маскавро қатъ кард.

Бо “оғози нав”-и раисиҷумҳур Барак Обама дар муносибат бо Русия Маскав ба интиқоли икмоли нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон аз тариқи қаламрави Русия иҷоза дод ва инчунин ҳамкории тарафҳо дар муқобили роҳзанҳои баҳрии Сомалӣ густариш ёфт. Илова ба ин Русия аз таҳримҳои нави Созмони Милал зидди Эрон ҳимоят кард ва созишномаи нави коҳиши таслиҳоти ҳастаииро ба имзо расонд.
XS
SM
MD
LG