Пайвандҳои дастрасӣ

Норозигии Русия аз вазъ дар Либия дар ҳоли афзоиш аст


Русия ва НАТО натавонистанд ихтилофи худро сари маъракаи ҳарбии Ғарб дар Либия коҳиш диҳанд. Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров пас аз гуфтушунидҳо бо Дабири кулли НАТО, Фоғ Расмуссен дар Сочӣ гуфт: “То ҳоло дар масъалаи ҳалли мушкил фаҳмиши ягона ба миён наомадааст.” Лавров ба Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ишора кард, ки ба амалиёти ҳавоӣ дар Либия роҳ кушод. Русия аз раъйдиҳӣ барои ин қатънома худдорӣ кард ва аз он вақт то ҳоло сари муддат ва шиддати зарбаҳои ҳавоии НАТО шубҳа ва хашми бештаре нишон медиҳад. Президентҳои Русия, Дмитрий Медведев ва Африқои Ҷанубӣ, Якоб Зума ба ҷаласаи Шӯрои НАТО ва Русия ҳамроҳ шуданд. Дар ин байн ҳавопаймоҳои НАТО бомбаборони Либияро густариш доданд ва дар 24 соати охир 71 зарба зада шуд, ки аз меъёрҳои ҳаррӯзаи ҳафтаи гузашта ду мартаба бештар аст. Ихтилофоти Русия ва НАТО дар масъалаи сипари зиддимушакии Аврупо низ боқӣ монд. Расмуссен гуфт, ҳанӯз мавзӯъҳои зиёде мавҷуд аст, ки ба онҳо бояд расидагӣ шавад.
XS
SM
MD
LG