Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари эълоннашудаи сарвазири Британия ба Афғонистон


Сарвазири Британия, Дейвид Камерон, дар як сафари эълоннашуда аз Афғонистон дидан кард. Ҳангоми боздид аз нерӯҳои бритониёӣ дар Ҳилманд, ҷануби Афғонистон Камерон гуфт, дар ҳоле ки нерӯҳои амниятии афғон то рафт эътимоди бештар ба даст меоранд, Британия хуруҷи як теъдоди ками нерӯҳояш аз Афғонистонро тарҳрезӣ мекунад. Вай афзуд, сафарашро ба Лашкаргоҳ лағв кард, то чархболҳо дар ҷустуҷӯи як сарбози бенишоншуда бритониёӣ истифода шаванд. Вазорати дифои Британия дертар хабар дод, ки ҷасади сарбоз дарёфт шудааст. Дар он осори зарбҳои гулӯла ҳаст, аммо сабаби ҳалокаташ таҳқиқ мешавад. Британия ҳоло дар Афғонистон 9500 сарбоз дорад.
XS
SM
MD
LG