Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо норозии Беларус ба ҳабс маҳкум шуданд


Беларус чандин нафар аз 400 тани дар Рӯзи истиқлолияти ин кишвар боздоштшударо зиндонӣ кард. Инҳо афродеанд, ки бар зидди режими президент Аляксандр Лукашенка эътироз карданд. Дар Минск 210 ва дар маркази вилоятҳо 180 нафар боздошт шуданд. Танҳо дар Минск 140 нафар шабро дар маҳбас ба сар бурданд ва дар додгоҳ ба авбошӣ муттаҳам шуданд. 20 нафар ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум гашта, даҳҳо тани дигар интизори ҳукманд. Муҳокимаҳо идома доранд.
XS
SM
MD
LG