Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши хабари қатли Обама аз тарафи тахрибкорони интернетӣ


Хадамоти махфӣ тахрибкории интернетии Твиттери сиёсии Фоксро таҳқиқ мекунад. Дуздони интернетӣ ба ин торнамо ворид шуда, навиштаанд, ки ба ҷони раисиҷумҳур Барак Обама сӯиқасд сурат гирифтааст. Ин гузориш 6 бор нашр шуда, дар яке онҳо омадааст, ки Обама дар аёлати Айова аз тири ҳамлавари номаълум кушта шудааст. Фокс Нюз аз ин тахрибкорӣ шадидан интиқод кард. Таҳқиқи воқеаро хадамоте ба зимма гирифтааст, ки ба таъмини амнияти раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама машғул аст. Хабар дар ҳоле нашр шуд, ки Обама ҳоло бо аҳли хонавода ва ҳамкоронаш дар ҷашне ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Амрико ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG