Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати марзбони озарбойҷонӣ дар марзи Эрон


Дар даргирие дар наздикии марзи байни Озарбойҷону Эрон як марзбони озарбойҷонӣ кушта шудааст. Хадамоти марзбонии Озарбойҷон мегӯяд, афсари нерӯҳои марзбонии ин кишвар аз захмҳое, ки дар даргирӣ бо мусаллаҳони номаълум дар минтақаи Ёрдимлии ҳаммарзи Эрон гирифт, ба ҳалокат расид. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, гурӯҳи мусаллаҳ бозпас ба Эрон паноҳ бурдааст. Дар ин байн ноиби вазири умури дохилии Эрон, Алии Абдуллоҳӣ ба хабаргузории расмии Эрон, ИРНА гуфтааст, даргирӣ замоне ба вуқӯъ пайваст, ки гурӯҳи марзбонони Озарбойҷон вориди қаламрави Эрон шуд ва мебоист боздошт мешуд. Вай афзуд, ҳарду кишвар аз тариқи каналҳои дипломатӣ ба таҳқиғи воқеа машғуланд.
XS
SM
MD
LG