Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаштяки будҷа - барои таҷлили истиқлоли Тоҷикистон


Тоҷикистон барои таҷлили 20-солагии истиқлолаш ҳудуди 1 миллиард сомонӣ, муодили тақрибан 215 миллион доллар масраф хоҳад кард, ки 12 дарсад ё ҳаштяки будҷаи солонаашро ташкил медиҳад. Хабаргузории Интерфакс ин оморро аз қавли вазорати молияи Тоҷикистон овардааст. Ба шарафи 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки 9 сентябр таҷлил хоҳад шуд, бунёди як силсила иншооти ҷашнӣ дар назар дошта шудааст, ки аз ҷумла бунёди як варзишгоҳ ва биноҳои ҷадиди Китобхонаи милливу Осорхонаи миллӣ дар маркази пойтахт ва тармими шоҳроҳи Душанбе – Данғара, зодгоҳи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад. Матбуоти Тоҷикистон аммо харҷ кардани чунин маболиғи бузург барои таҷлили ҷашни истиқлолро барои ин кишвари фақир ба интиқод кашидааст.
XS
SM
MD
LG